Зилзила Қазоқистонро такон дод

Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Қазоқистон субҳи чоршанбеи 16 март заминларзаи бо шиддати 5 дараҷаи Рихтер рух додааст.

Ба иттилои ин манбаъ маркази заминларза 569 километрии шимолу шарқи шаҳри Алмаатӣ воқеъ будааст.

То ҳол дар марвиди талафоти ҷонӣ ва ҳисороти молӣ гузорише нарасидааст.