Ҷавонони панҷ вилояти Қирғизистон дар бози зеҳнии Quiz Night - ҳуқуқи интихобкунандагон рақобат мекунанд.
Дар ин бора ташкилоти ҷамъиятии Youth of Osh хабар медиҳад.
Ин озмун аз 6 то 26 март бо ширкати тимҳои Ӯш, Чуй, Иссиқкӯл, Ботканд ва Ҷалолободи он кишвар баргузор хоҳад шуд. Дар озмуни зеҳнӣ ширкатдорон ба саволҳои ҳуқуқи интихобкунандагон посух мегӯянд.
Тарҷумаи таҳтулафзии Quiz Night - шаби саволҳост. Озмуни зеҳниву саргармӣ аз чанд зина иборат аст.