Рӯҳониёни тоҷик ба театр рафтаанд

Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе

Кумитаи кор бо дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯҳониёни тоҷик дар шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ба тамошои намоишномаи театрии “Сиреву саводе” ҷалб кардаанд.

Ин намоишнома аз рӯзгори як ҷавони муҳоҷире қисса мекунад, ки бо ранҷу азоб аз Русия бармегардад ва мехоҳад бо духтари маҳаллӣ издивоҷ кунад. Дар ин намоишнома нақши рӯҳониён, падару модар ва атрофиён дар издивоҷи як ҷавон намоиш дода мешавад. Падар дороиҳояшро мефурӯшад, мулло ва атрофиён аз ин издивоҷ манфиатҳои худро ҷустуҷӯ мекунанд ва билохира бо сарфҳои беҳуда, ин ҷавон гирифтори мушкилиҳои зиёд мешавад.

Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи кор бо дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 3-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин намоишномаро рӯҳониёни шаҳру навоҳии тобеи марказ дар тетари Лоҳутӣ тамошо карданд. Ӯ мегӯяд, рӯҳониён узви ҷомеа ҳастанд ва хоҳишҳои маънавӣ доранд, ки бо тамошои намошҳои хуб онҳоро бояд қонеъ кард.

Ба гуфтаи масъулини ин кумита иштироки рӯҳониён дар намоишномаҳои театрӣ ихтиёрист.

Як рӯҳонии тоҷик бидуни овардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан мазмуни саҳнаи театрӣ хуб буд, аммо сару либоси бархе аз ҳунармандони зан чандон қобили қабул набуд.

Дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ рӯҳониён дар моҳҳои гузашта ба театр рафта, намоишномаҳоеро тамошо кардаанд.

Шариф Абдулҳамидов, намояндаи Кумитаи кор бо дин ва танзими расму оинҳо дар минтақаи Кӯлоб гуфт, намоишномаҳое, ки рӯҳониён дар минтақа тамошо карданд, ройгон буд. Ӯ гуфт, ҷалби рӯҳониён ба театр ҷаҳонбинии онҳоро боло мебарад.

Дар Тоҷикистон бештар аз 3 ҳазор имом-хатиб расман кор мекунад. Солҳост Тоҷикистон ба ин қишр таваҷҷӯҳи вижа зоҳир мекунад.