Раҳмон хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Эрон шуд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме бар президенти Эрони Ҳасани Рӯҳонӣ, 37-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ба мардум ва ҳукумати он кишвар табрик гуфтааст. Ба навиштаи хабаргузории эронии "Ориё", дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон умедворӣ кардааст, ки ҳар ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба муносибатҳои муштарак ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифро густариш дода ва барои барқарории сулҳ ва субот дар минтақа талош мекунанд.

Дар ҳамин ҳол ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов низ ба ин муносибат ба ҳамтои эрониаш Муҳаммадҷавод Зариф паём фиристода ва умедворӣ кардааст, ки равобити хуб байни ду кишвар дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллӣ ба сулҳ ва субот дар минтақа бианҷомад. Инқилоби исломӣ дар Эрон дар моҳи феврали соли 1979 ба пирӯзӣ расид. Бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Имом Хумайнӣ мебошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Ин кишвар яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.