Қаторҳо аз Чину Эрон ба Туркманистон расиданд

Нахустин қатори таҷрибавии боркашон, ки дар масири роҳи оҳани Чин-Қазоқистон-Туркманистон-Эрон ҳаракат мекунад, ба истгоҳи Серхетяки Туркманистон расид, хабар медиҳад нашрияи "Хроника Туркменистана".

Дарозии умумии масири Чин-Қазоқистон-Туркманистон-Эрон 10 ҳазор километр аст ва вақти ҳаракат дар ин масир наздики 2 ҳафтаро дар бар мегирад. Ин фосила ва вақт назар ба масири қаблӣ, ки тариқи роҳи обӣ мегузашт ва 25-30 рӯзро дар бар мегирифт, ба ҳисоби миёна ду баробар камтар ва зудтар аст.

Таъсиси ин масир баъди бунёди роҳи оҳани байналмилалии Қазоқистон-Туркманистон-Эрон имконпазир шуд. Роҳи оҳан дар моҳи декабри соли 2014 бо ширкати президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ кушода шуд.