Ҳалокати ду нафар аз дуди ангишт дар Исфара

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ду сокини ноболиғи Исфара ба ҳалокат расида ва як зани 56-сола дар бемористон бистарӣ шудааст. Тибқи иттилои раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ин ҳодиса бегоҳи рӯзи сешанбеи 9-уми феврал дар ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара рух дода, ду духтари ноболиғ -- яке 6-сола ва дигаре 10-сола аз заҳри ангишт ба ҳалокат расида ва модари онҳо дар бемористон бистарӣ мебошад. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз беҳушшавӣ, ин ду духтар дигар ба ҳуш наомаданд.