"Садои Хилофат" хомӯш карда шуд

Бар асари зарбаҳои ҳавопаймои амрикоӣ бинои радиои марбут ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шарқи Афғонистон тахриб карда шуд. Мақомоти амрикову афғон рӯзи 2 феврал хабар доданд, ҳавопаймо дар як минтақаи ҳаммарз бо Покистон ба биное, ки он ҷо радиои "Садои Хилофат" ҷойгир буд, ду бомб андохт.

Оятуллоҳ Хоқиёнӣ, сухангӯи волии вилояти Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин зарбаҳо дасти кам 20 узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” кушта шуданд. Як корманди фаннӣ ва як муҷрии ин радио ҳам ба ҳалокат расиданд, афзуд ӯ.

Полковники артиши ИМА Майк Лоуҳорн, намояндаи ҳайати Амрикову НАТО дар Афғонистон, дар як изҳорот гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ шоми 1 феврал дар чаҳорчӯби амалиёти зиддитеррористӣ ба волусволии Ачин аз фазо ду зарба заданд. Аммо ӯ иттилоъ дар бораи ҳадафи зарба қарор гирифтани бинои радиоро тасдиқ ё инкор накард.

“Садои Хилофат” охири соли гузашта ба пахши барномаҳо шурӯъ кард ва чанд ҳафтаи ахир дар вилояти Нангарҳор ахбори гурӯҳи тундрави “Давлати исломи”-ро пахш мекард. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ситезаҷӯён радиоро барои ҷалби ҷонибдорон ва таҳдид ба рӯзноманигорони афғон ҳам истифода мебурданд.