Ҳудуди 40%-и хизматчиёни давлатӣ аз Хатлон будаанд

Ҷумъа Давлатов

Оҷонсии хидмати давлатии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳудуди чиҳил дарсади хизматчиёни давлатӣ дар кишвар зодаи вилояти Хатлон будаанд. ​Ҷумъа Давлатов, раиси ин ниҳод, ки 12 январ бо хабарнигорон суҳбат мекард, иддаои гӯё аз як маҳал таъин шудани кормандони ниҳодҳои давлатиро рад кард. Ӯ гуфт, ки зодагони Суғд дар идораҳои давлатӣ 24 дарсад ва намояндагони Бадахшон 18,6 дарсадро ташкил медиҳанд.

"Хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби сокинони Душанбе 10,1 ва ноҳияҳои тобеи марказ 18,1 фоиз ҳастанд," -- афзуд Ҷумъа Давлатов. Ба иттилои раиси Оҷонсии хидмати давлатии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, теъдоди умумии хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 704 нафар буда, аз ин ҳисоб 22 дарсадашон занон будаанд.