Ҷузъиёти марги Шарифамоҳ ва духтару наберааш дар шарҳи ВКД

Акси Гулчеҳра Одинаева бо духтари ҳаштсолааш - Нисо

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки Шарифамоҳ Бадарғаева ва духтару наберааш аз помидору бодиринг заҳролуд шуда, як нафари онҳо дар бемористон ва дуи дигар дар хонаашон даргузаштаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ сабаби марги Шарифамоҳ Бадарғаева - сокини 61-солаи маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб ва, ҳамин тавр, духтару набераашро шарҳ дод. Ин ниҳод рӯзи 7 январ гуфт, ки "онҳо се рӯзи қабл аз ғизо ва хӯриш (салат)-и помидору бодиринги шӯркардашуда (соленый) заҳролуд шудаанд".

"Дар натиҷа, рӯзи 5 январ Гулчеҳра Одинаева (1984) бинобар сабаби заҳролуд шудан дар хонаашон ба ҳалокат расидааст," – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД. Баъдан, ба қавли манбаъ, Шарифамоҳ Бадарғаева ва набераи ҳаштсолааш - Гулнисо Кабирова рӯзи 6 январ дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта, аввалӣ дар он ҷо ва дувумӣ пас аз ҷавоб шуданаш дар хонаашон ҷон додааст.

Гулчеҳра Одинаева то як соли қабл дар Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард. Ӯ дар пайи ноамниҳои ин кишвари арабӣ соли гузашта худро аз майдонҳои ҷанг ба Тоҷикистон сиҳату саломат расонд, аммо ҳамон тавре Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аз заҳролудшавӣ баъди хӯрдани помидору бодиринги шӯр даргузаштааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари ин, се узви дигари оила - Рустам Одинаев (1989), Тоҷинисо Одинаева (1983) ва Амирхон Одинаев (1985) низ аз хӯриши помидору бодиринг заҳролуд шуда ва бемористон интиқол ёфтаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Марги мармузи се узви як хонавода дар Кӯлоб

Шарҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисто дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри 6 январ Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба Озодӣ гуфта буд, то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки ин се узви як хонавода дар Кӯлоб аз чӣ заҳролуд шудаанд. Ба қавли ӯ, азбаски то ҳоло дар беморхонаи Кӯлоб натавонистаанд сабаби ин ҳолатро мушаххас кунанд, маводи ташхис ба Душанбе оварда мешавад.

Ҳоло ин суол беҷавоб мондааст, ки чаро баъди даргузашти Гулчеҳра Одинаева дар шаби 4 ба 5 январ, табибони бемористони Кӯлоб натавонистанд сабаби марги ӯро ташхис диҳанд ва чаро натавонистанд аз марги духтари ӯ дар таърихи 5 январ ва баъдан модари Одинаева рӯзи 6 январ ҷилавгирӣ кунанд? Баъзе намояндагони хонаводаи марҳумон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафари баъдӣ аз бетаваҷҷуҳии табибон ва сари вақт ташхис нашудани ҷасади аввал ҷон додаанд.

Рӯзи гузашта теъдоди зиёди маъмурони пулис ва мақомоти тафтишотӣ низ дар бемористон буданд, аммо то ҳол маълум нест, ки аз рӯи марги ин се нафар парвандаи ҷиноӣ боз мешавад ё хайр.