Ҳукми зиндони 6 тоҷик дар Перми Русия

Додгоҳи ноҳияи Индустриалний дар шаҳри Перми Русия рӯзи 17 декабр 21 узви як шабакаи қочоқбари маводи мухаддирро ба муддати аз 9 то 19 сол маҳкум ба зиндон кард. 6 тан аз аъзои ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, 3 тан аз Узбакистон ва бақия сокинони маҳаллӣ будаанд. Додгоҳ гуфт, ин шабака тайи солҳои 2013 – 2014 дар ҳудуди шаҳрҳои Перм, Березники, Лисва ва ноҳияи Кудимкар ба фурӯши ғайриқонунии миқдори бузурги ҳероин машғул буд. Аъзои ин шабака дар соли 2014 бо 8 кило ҳероин дастгир шуданд. Додгоҳ 4 ташкилкунандаи шабакаи қочоқбарро ба мӯҳлати аз 17 то 19 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда, беш аз 1 миллион рубл ҷарима баст. 17 тани дигар аз 9 то 16 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Бино ба омори мақомоти Русия, дар зиндонҳои ин кишвар тақрибан 7800 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан нисфи онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.