Киев бо Қрим як моҳ тиҷоратро қатъ мекунад

Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина мегӯяд, ки Киев барои як моҳ тиҷорат бо нимҷазираи Қримро, ки ҳоло ба тасарруфи Русия даромадааст, қатъ хоҳад кард.

Ятсенюк дар ҷаласаи кобинаи вазирони худ 16 декабр эълон кард, ки Украина 30 рӯз доду гирифти колоҳо, кору хадамот дар Қримро бозмедорад.

Ба гуфтаи вай, ягона истисно молу колои шахсӣ, ғизоҳо ва кӯмакҳои башарӣ мебошад. Ятсенюк гуфт, ки барқарор кардани интиқоли нируи барқ ба Қрим масъалаи дигар аст ва дар бораи он Шӯрои амният ва дифои Украина тасмим мегирад.

Қрим, ки дар аввали соли гузашта ба Русия пайваст, аз набуди барқ азият мекашад. Моҳи ноябри соли гузашта афроди номаълум дар Қрим истгоҳи нируи барқро тарконданд.