Ихроҷи 99 муҳоҷири тоҷик аз Перми Русия

Акс аз бойгонӣ

Хадамоти приставҳои кишвари Перми Русия хабар дод, ки аз аввали сол аз ин минтақа 366 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Тайи 10 моҳи аввали соли 2015 аз ин минтақаи Русия 163 шаҳрванди Узбакистон, 99 шаҳрванди Тоҷикистон, 90 нафар аз Қирғизистон ва 28 муҳоҷир аз Озарбойҷонро бар асоси ҳукми додгоҳҳо берун кардаанд. Қаблан мақомоти муҳоҷирати Бошқирдистон аз ихроҷи 105 муҳоҷири тоҷик дар тӯли соли 2015 хабар дод. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 322 ҳазор нафар расидааст.