Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар сафараш ба Осиёи Марказӣ ҳамзамон бо изҳори рафоқат бо кишварҳои минтақа раҳбарони худкомаи онҳоро ба мурооти ҳуқуқи инсон ва ривоҷ додани демократия ташвиқ кард. Сафари Ҷон Керрӣ ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар ду соли ахир дар ҳоле сурат мегирад, ки Чину Русия барои тақвияти нуфузашон дар минтақа фаъолтар шудаанд ва гурӯҳҳои тундраве ба мисли гурӯҳи Давлати исломӣ бо истифода аз камбизоатӣ ва ноумедии мардум мехоҳанд, минтақаро ноором кунанд. Ҷон Керрӣ рӯзи 1-уми ноябр дар мулоқот бо вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар шаҳри Самарқанд гуфт, “Бешак пешрафт дар ҳукуматдории демократӣ ба пешрафт дар тамоми арсаҳое мусоидат мекунад, ки мо дар бораи онҳо гуфтӯгу дорем.” Дар мулоқоти алоҳида бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, Ҷон Керрӣ дар ҳузури хабарнигорон ишораи ошкор ба масъалаи ҳуқуқи инсон накард, вале гуфт, ки мехоҳад, "дар бораи масоили инсонӣ, афроди алоҳида ва ҳузури онҳо дар ҷомеа сӯҳбат кунад." Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 3-уми ноябр ба Душанбе меравад.