Иҷрои барномаҳои ҳастаии Эрон моҳҳоро дар бар мегирад

Мақомоти расмии Амрико пешгӯӣ мекунанд, ки моҳҳо зарур аст, то Эрон барномаҳои ҳастаии худро тибқи созишномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ боздорад. Як мақоми расмии амрикоӣ, ки аз бурдани ном худдорӣ кард, 18 октябр гуфт, ки аз рӯзи тасвиби ин созишнома дар Вена 90 рӯз гузашт ва 18 октябр рӯзи оғози иҷрои он аст.

Музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, тақрибан 2 сол давом кард. Акнун баъд аз ба даст омадани созиш тариҷан таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон аз миён бардошта мешавад ва Эрон барномаҳои ҳастаии худро маҳдуд мекунад.

Ғарб шубҳа дорад, ки Эрон пинҳонӣ барномаҳои ҳастаии худро такмил ва тавоноии ҳастаӣ пайдо мекунад. Вале Эрон ин иддаоро қабул надорад.