Бо авҷ гирифтани кашмакаш байни Русия ва Туркия бар сари мудохилаи Русия дар ҷанги Сурия, ширкати давлатии «Газпром» гуфт, тарҳи бунёди лӯлаи газ аз тариқи Туркия ба таъхир андохта мешавад. Александр Медведев, муовини раиси ширкати «Газпром» рӯзи 7-уми октябр гуфт, «Азбаски ҳеҷ гуна созишномаи байнидавлатӣ вуҷуд надорад, ҷадвали бунёди лӯла ба таъхир андохта мешавад.» Ба гуфтаи ӯ, маълум нест, иҷрои тарҳ то кай ба таъхир андохта мешавад, чун ба имзои созишнома вобаста аст. Муовини раиси ширкати “Газпром” афзуд, “Агар як сол ҳам дер шавад, фоҷиае нахоҳад буд”, ҳарчанд ба қавли вай, сабаб танишҳои сиёсӣ байни ду тараф нест. Русия бо шурӯъи бомборони мавзеъҳои гурӯҳҳои исломӣ дар Сурия аз ҷумла гурӯҳҳое, ки Туркия аз онҳо ҳимоят мекунад, хашми Анкараро барангехт. Русия ва Туркия моҳи пеш ба тавофуқ расиданд, ки бо вуҷуди мухолифатҳо ва мушкилот дар масъалаи қимати гази Русия иҷрои тарҳи “Маҷрои туркӣ” идома мекунад.