Бар асари бомбаборон шудани ҷашни арӯсӣ дар Яман аз сӯйи ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи кишварҳои Араб 15 нафар кушта ва 25 нафар захмӣ шудаанд.
Тибқи хабари Associated Press, ин ҳодиса дар вилояти Дамар, воқеъ дар 113 километрии ҷанубу шарқи Сано, пойтахти Яман рух дода ва ракета ҷашни арӯсии пешвои қабилаи хуситҳоро ҳадаф қарор додааст.
28 сентябри соли ҷорӣ низ неруҳои ҳавоии ин эътилоф дар деҳаи Воҳидҷа маросими арӯсиро бомбаборон карданд, ки дар натиҷа 131 нафар , аз ҷумла, занону кӯдакон кушта шуда буданд.
Он замон, Абд-Раббо Мансур Ҳодӣ, намояндаи президенти барканоршудаи Яман ин ҳодисаро “иштибоҳи маргбор” хонда буд.
Ҷангиёни хусит дар моҳи сентябри соли 2014 шаҳри Сано, пойтахти Яманро тасарруф карда ва раиси ҷумҳури ин кишвар ба Арабистони Саудӣ фирор карда буд.
Дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ кишварҳои арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи ҷангиёни хусит эътилофе таъсис карда ва ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳрҳоиЯман роҳандозӣ карданд. Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳамалот садҳо тан аз шаҳрвандони ғайринизмоӣ ҷон бохтаанд.