Дар Орегони Амрико як марди мусаллаҳ дар синфхона 9 нафарро парронд. Сипас худи вайро пулис ба қатл расонд.
Шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки ин қотил ҳамзамон 4 аслиҳаро дар ин ҳамла истифода кардааст. Дар коллеҷи Розбург дар ин ҳодиса 7 нафари дигар захм бардоштаанд. Дар шаҳраки Розбург ҳудуди 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Дар вокуниш ба ин ҳодиса Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз гурӯҳи Анҷумани миллии камондорон, ки аз гурӯҳҳои камондор ҳимоят мекунад, шадидан интиқод кард.
Ин марди мусаллаҳ Крис Ҳарпер-Мерсер муаррифӣ шудааст. Сабаби ин ҳамла таҳқиқ мешавад.