Тимофтӣ мегӯяд, ки истеъфо нахоҳад дод

Николае Тимофтӣ

Музокироти миёни намояндагони ҳукумат ва созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозии шаҳри Кишинёв-пойтахти Молдова бидуни натиҷа ба поён расид. Созмондиҳандагон гуфтаанд, ки ба эътирози худ идома медиҳанд.

Василе Настасе-раҳбари гурӯҳи Ифтихору Ҳақиқат ва яке аз созмондиҳандагони эътирозҳо 8 сентябр гуфт, ки музокира бо намояндагони раиси ҷумҳур “натиҷае надод”.Вай гуфт, “дархостҳои мо қабул нашуд, мо эътирози худро идома медиҳем ва фишор бар мақомтро бештар мекунем”.

Эътирозгарон истеъфои Николае Тимофтӣ-раиси ҷумҳур ва ҳукумати вайро тақозо доранд, зеро дар ин кишвар дар як моҷарои бонкӣ 1 миллиард доллар бедарак шудааст.

Тимофтӣ рӯзи 8 сентябр гуфт, ки вай аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод ва афзуд чунин иқдом метавонад сабаби оғози нооромиҳо дар Молдова шавад.

Ҳоло эътирозгарон дар майдони марказии Кишинёв шаҳраки хаймаӣ бунёд кардаанд.