Ҳалокати 5 муҳоҷири тоҷик дар як садама

Дар натиҷаи як садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Маскав 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд ва як нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Бино ба гузориши хабаргузории русии РИА Новости, ин садама рӯзи 6 сентябр дар назди рустои Никулинои ноҳияи Подолск дар километри шашуми шоҳроҳи А-107 дар натиҷаи ба як мошини боркаш ва як мошини сабукрав бархӯрдани як микроавтобус рух додаааст. Ду нафари дигар дар ин садама захмҳои сабук бардоштаанд.