GGP ё Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ, ду лоиҳаи навро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Масъулони сафорати Ҷопон дар Душанбе 28 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Лоиҳаи барқарорсозии бинои маркази саломатии ноҳияи Рӯшон” 86,103 доллар ва “Лоиҳаи таъмири бинои асосӣ ва сохтмони бинои иловагӣ ба маркази саломатии ноҳияи Мурғоб” 88,849 долларро дар бар мегирад. Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон гуфт, иҷрои ин тарҳҳо барои рушди устувори Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт. Ба қавли Камада, “ҳукумати Ҷопон тасмим дорад, дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар ёрии хешро идома диҳад.” Зимнан, Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Аз соли 1996 то кунун кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 343 лоиҳаро ба маблағи умумии 27 миллион доллар дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.