Қасри Миллат баъди Кохи Сафед - дар ҷои дувум

Tajikistan -- Qasri Millat in the centre of Dushanbe city, undated

Қасри Миллат, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва қабули меҳмонҳо аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар он ҷо сурат мегирад, ба қатори даҳ кохи зебои президентҳо дар ҷаҳон шомил шудааст. Қасри Миллати Тоҷикистон дар раддабандие, ки торнамои англисизабони theestle.net анҷом дод ва хулосаашро 9 август нашр кард, аз рӯи санъати меъморӣ баъд аз Кохи Сафеди Амрико дар ҷои дувум будааст. Баъд аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ қасри "Оқ Орда"-и Нурсултон Назарбоев ва ба дунболаш қасри Абу Дабӣ ҷой гирифтаанд. Кохи раёсати Туркманистон низ ба ин феҳрист шомил аст. Кохи Кремл дар ин тақсимбандӣ дар ҷои шашум будааст.