Барқи 2.5-сентии Тоҷикистон ба Қирғизистон

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар Душанбе

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки аз 7 июни соли ҷорӣ то ин дам ба Қирғизистон ба қимати дунимсентӣ 40 миллион киловатт соат нерӯи барқ додаанд. Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ -- муовини раиси “Барқи тоҷик” 28 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бар асоси нақша, қарор аст, имсол ба Қирғизистон ҳудуди 500 миллион киловатт соат нерӯи барқ содирот кунанд. Тоҷикистон асосан дар фасли гармо нерӯи барқашро ба Афғонистону Қирғизистон мефурӯшад. Аммо имсол Душанбе ва Бишкек бар сари нархи нерӯи барқ баҳс доштанд. Тоҷикистон мехост, онро ба қимати бештар аз се сент бидиҳад, вале Қирғизистон болои дуним сент пофишорӣ дошт.