Мукачёво - саҳнаи низоъ барои қочоқ ба Аврупо

Киев барои эътидол авзоъ дар Мукачёво, як минтақаи марзии вилояти Закарпатие, ки он ҷо миёни кормандони милиса ва радикалҳо задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, талош дорад

Дмитрий Ярош, вакили Верховная Рада ва раҳбари созмони миллатгарои украинии «Правый сектор» рӯзи 13 июл изҳор намуд, ки ҳамроҳ бо масъулони Маркази зиддитеррористии Хадамоти амнияти Украина талоши эътидоли авзоъ дар минтақаи Мукачёво, воқеъ дар вилояти Закарпатиеро дорад.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук дар ин бора хабар дод ва аз аъзои «Правый сектор» хост, ки аз қароргоҳҳояшон дар минтақаи амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Донбасс берун нашаванд ва ба иттилои, ба гуфтаи ӯ, "дурӯғину таҳрикомези расонаҳо ба хотири бадномсозии “Правый сектор” аҳамият надиҳанд.

Дмитрий Ярош

Хабаргузории УНИАН аз қавли Дмитрий Ярош навиштааст, ки «Правый сектор» дар сартосари Украина намоишҳои мусолиматомез доир мекунад, аммо дар баъзе шаҳрҳои Украина, ба иттилои хабарнигорон, аъзои «Правый сектор» дар назди биноҳои милиса бо талаби ҷазо надодани мусаллаҳони дар низоъ дар Мукачёво шикарткарда ҷамъ омадаанд.Онҳо ҳамчунин истеъфои Арсений Аваков аз мақоми вазири умури дохилии Украинаро талаб доранд.

Ду рӯз пеш дар Мукачево баъд аз мулоқоти намояндагони «Правый сектор» бо вакили Верховная Рада ва яке аз афроди сарватманди Украина Михаил Ланио тирандозӣ сурат гирифт, ки дар он кормандони милиса ҳам ширкат доштанд. Дар ин ҳодиса чанд нафар куштаву захмӣ шуданд. Баъд аз ин низоъ як гурӯҳ аз мусаллаҳони гурӯҳи «Правый сектор» дар ҷангалҳои Закарпатие камин гирифтаанд ва ҳоло музокирот бо онҳо идома дорад.

Раҳбарони «Правый сектор» мегӯянд, низоъ баъд аз он ҷа вуқӯъ пайваст, ки онҳо аз қочоқи қайриқонунии сигор ба Аврупо аз тариқи гумруки Мукачево ҷилавгирӣ карданӣ шуданд. Аммо мақомоти ҳифзи тартибот бар ин назаранд, ки тирандозӣ дар Мукачёво паёмади талоши ду гурӯҳ - "Правый сектор" ва Михаил Ланио таҳти назорат доштани ин минтақаи сердаромад аст. Гуфта мешавад, ки аз ин минтақа пайваста ба Аврупо сигори арзон қочоқ мешавад. Зимнан, хабаргузориҳо рӯзи 13 июл хабар доданд, ки ҳама масъулони гумруки вилояти Закарпатие аз мақомҳояшон барканор карда шуданд.

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк ба вазорати умури дохилӣ супориш дод, ки ҳама далелҳои қочоқ ва сӯиистифода дар гумрукро тафтиш кунад.

Додситони кулли Украина Виктор Шокин бошад барои таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ таъсис дод. Додситонӣ дар робита ба ҳаводиси Мукачёво аз рӯи бандҳои «ташкили гурӯҳи ҷиноӣ» ва «Ҳамлаи террористӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Алексей Мелник, таҳлилгари Маркази Разумков дар шаҳри Киев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “Правый сектор” аз замони Майдон барои ҳукумат дарди сар эҷод мекард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаводиси Майдон моҳи январи соли 2014 аввалин бенизомиҳоро маҳз ҷонибдорони “Правий сектор” шурӯъ карда буданд. "Ҳоло, албатта, душвор аст бигӯем, ки агар онҳо даст ба ин кор намезаданд, вазъ чӣ гуна мешуд. Аммо он замон маҳз ин амали тундгароёнаи онҳо Майдонро пушти ду сангар қарор дод, зеро, ба фикри ман, бисёриҳо ҷонибдори он буданд, ки эътирозҳо мусолиматомез бошанд", мегӯяд таҳлилгар.

Амалҳои “Правый сектор” ҳампаймонҳои ғарбии Украинаро сахт нигарон карданд – онҳо ибтидо аз Майдон пуштибонӣ мекарданд ва аммо баъд аз шурӯи бенизомиҳо дар амалҳояшон бештар эҳтиёткор шуданд, мегӯяд Алексей Мелник.

Дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои ахир коршиносону сиёсатмадорон ба он нукта таъкид мекунанд, ки тараферо айбдор кардан ва ё гуфтан, ки ҳақ маҳз ин ҷониб аст, хело душвор аст – дар Мукачёво, аз нигоҳи Алексей Мелник, ҳарду ҷониб қавонини Украинаро поймол кардаанд.

“Правый сектор” ҳоло тақрибан ягона созмони ихтиёриест, ки бо ниҳодҳои вазорати дифоъ ваё бо вазорати умури дохилӣ ҳамоиш наёфтааст. Тақрибан як ҳафта пеш хабаре нашр шуд, ки музокирот бо раҳбарияти онҳо ба хотири қонунӣ гардонидани фаъолияташон идома дорад.

Ба гуфтаи Алексей Мелник, “Правый Сектор” ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар ҷомеъаи Украина пуштибонии зиёд надорад ва интихоботи парлумонӣ ҳам инро собит кард – фақат раҳбари ин гурӯҳ Дмитрйи Ярош тавонист, ки дар ҳавзаи якмандата пирӯз шавад. Аммо меафзояд таҳлилгари украинӣ, ҳоло хатаре мавҷуд аст, ки дар сурати вокуниши шадид накардани ҳукумат, афроди зиёде, ба вижа, ҷавонон ба “Правый сектор” пайравӣ кунанд ва амалҳои тундравонаро ягона ва оддитарин роҳи ҳалли масъала бидонанд.