Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистон қарор дорад.Нишасти ин созмон 10 июл баргузор мешавад. Ҳамчунин дар Уфа мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони кишварҳои Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай, Эрон - Ҳасани Рӯҳонӣ ва Ҷумҳурии Чин - Сӣ Ҷинпин баргузор мешавад.
Юрий Ушаков, ёвари президент Путин дар Маскав дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки рӯзи 9 июл нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви се созмон - БРИКС, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Евразес баргузор мешавад. БРИКС як созмони ғайрирасмии кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, ки дар он Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ узвият доранд.