Нигаронии фармондеҳони марзбонии ИДМ аз зиёд шудани гурӯҳҳои тундрав дар марзҳо

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нишасти Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.