Ҳалокати 3 нафар дар садамае дар Русия

Дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Санкт-Петербург-Невел дар наздикии шаҳри Псков 3 нафар кушта шудаанд. 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба мълумоти пулиси маҳаллӣ, тақрибан соати 4:35 дақиқаи маҳаллӣ ду мошин ҳангоми ҳаракати рӯ ба рӯ ба ҳам бархӯрдаанд.

Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири мошини борбар ба ҳалокат расидаанд ва 4 нафар мусофирони мошини сабукрав ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Манобеи хабарии Русия иттилоъ додаанд, ки кушташудагон шаҳрвандони Узбакистон будаанд, вале баъзе манобеи дигар онҳоро шаҳрвандони Қирғизистон мегӯянд.