Нисфи саррофиҳо дигарбора фаъол шуданд

Беш аз 50 дарсади нуқтаҳои саррофӣ дубора ба фаъолият оғоз карданд. Аз дафтари матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 30 апрел бо Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки беш аз 50 дарсади нуқтаҳои саррофии хусусӣ вобастаи ин ё он бонк шуда, дубора имкон пайдо карданд ба фаъолияташон идома бидиҳанд. Ба иттилои манбаъ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзӣ манфиатдоранд, ки чунин нуқтаҳои саррофиро шомили худ кунанд, чунки аксарияти ин нуқтаҳо бо ҳам таҷҳизоти зарурӣ, бино ва кормандони таҷрибадор, таъминанд. Бинобар гуфтаи масъулони Бонки миллӣ, моликони нуқтаҳои саррофии шахсӣ ҳақ доранд, ки то аввали моҳи июни соли равон худро шомили ин ё бонки тиҷоратӣ карда, фаъолияташонро идома диҳанд. Дар ғайри сурат, ин нуқтаҳо ҳаққи фаъолят надоранд. Ба иттилои Бонки миллӣ, то ба ҳол дар кишвар 1581 саррофӣ сабти ном шуда, 763 адади онҳо ба созмонҳои қарздиҳанда ва 818 адад ба шахсони воқеӣ ва бонкҳо, тааллуқ доранд. Тибқи фармони Бонки миллӣ маҳз ҳамин 818 нуқтаи мубодилаи асъор дигар ҳаққи фаъолият нахоҳанд дошт.