Омили ҳамлаи соли 2008 Мумбай аз зиндон раҳо шуд

Закӣ Раҳмон Лакҳвӣ

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Покистон Закӣ Раҳмон Лакҳвӣ-омили ҳамлаи маргбори соли 2008 дар Мумбаи Ҳиндро бо васиқа аз зиндон раҳо кардаанд.

Малик Аббос Носир-вакили мудофеи вай 10 апрел ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки Закӣ Раҳмон Лакҳвӣ ҳоло “дар берун аз зиндон қарор дорад”.

Лакҳвӣ-раҳбари гурӯҳи мамнуи тундрави Лашкари Таиба аз соли 2009 то ҳол дар зиндон ба сар мебурд. Раҳоии Лакҳвиро Ҳиндустон маҳкум кардааст. Додгоҳи Олии Лоҳур 9 апрел тасмим гирифт, ки Лакҳвӣ бо 20 ҳазор доллар васиқа раҳо шавад.

Моҳи ноябри соли 2008 дар як силсила бамгузориҳо дар Мумбай 166 нафар ба қатл расид.