Рӯҳонӣ хостори лағви билофосилаи таҳримҳо шуд

Ҳасан Рӯҳонӣ

Хабаргузории Ройтерз аз қавли Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон навиштааст, ки Теҳрон созишномаи ниҳоии маҳдудияти барномаҳои ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳониро имзо намекунад, агар таҳримҳои зидди Эронро билофосила аз миён набардоранд.

Вай мегӯяд: “Мо дар ҳеҷ созишнома имзо нахоҳем гузошт, агар таҳримҳо худи ҳамон рӯ бардошта нашаванд”. Хабаргузории Ройтерз ин гуфтаи Рӯҳониро аз суханронии телевизионии 9 апрели вай иқтибос овардааст.

Вай гуфтааст, ки Эрон созишномаи бурд-бурди ҳамаи ҷонибҳои зидахли ин созишнома, яъне кишварҳои ширкаткунандаи музокиротро мехоҳад. Дар музокироти ҳастаии Эрон Амрикову Русия, Британияву Фаронса ва Олмону Чин ширкат доранд.

2 апрел ҳамаи ҷонибҳо дар Лозаннаи Шветсария эълон карданд, ки роҷеъ ба ин созишнома тафоҳум ба даст омадааст.

Амрико эълон кардааст, ки таҳримҳои зидди Эрон тадриҷан аз миён бардошта мешаванд.