Шаҳрдори Душанбе аз мақомот хостааст, аз вуруди мошинҳои мусофирбаре, ки ба гуфтаи ӯ мутааллиқ ба пойтахт нестанд ё “ғайришаҳрӣ”-янд, манъ карда шавад. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 6 апрел дар ин бора дастур дода, гуфтааст, чунин мошинҳои мусофирбар дар чаҳор дарвозаи Душанбе боз дошта шаванд.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе гуфт, ин тасмим “барои коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр” муқаррар карда шудааст. Ҳар субҳу шом дар бисёре аз роҳҳои пойтахт, бахусус назди фурӯшгоҳи “Садбарг”, корхонаи нассоҷӣ ва “Сирк”-у “Саховат” тамбаҳои зиёди мошин мушоҳида мешаванд.
Ин муқаррарот аз 9 апрел иҷро хоҳад шуд.