Марги як муҳоҷири тоҷик дар навбати патент

Комилҷон Эсанови 48-сола, сокини шаҳри Панҷакент, ки дар навбати гирифтани патент дар маркази Сахарово будааст, ҷон додааст. Дар ин бора Каримҷон Ёров -- раҳбари яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, “Эсанов субҳи барвақти 6 апрел вақте бисёр дар берун меистад ва якбора ба гармӣ медарояд, дилаш қувват накарда, ҷон медиҳад.” Каримоҷон Ёров афзуд, “писарашро маъмурони пулис ва кормандони марказ бо худ бурдаанд.”