Ҷон Бреннан, раиси ЦРУ, Хадамоти марказии кашфи ИМА, изҳор намуд, ки Амрико фишангҳои зиёдеро барои ҷилавгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон дар ихтиёр дорад. Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News рӯзи 23 март гуфт, раисиҷумҳур Барак Обама паёми рӯшан дод, ки "мо ба Эрон барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаии дилхоҳаш имкон доданӣ нестем".
Ба гуфтаи Бреннан, дар Теҳрон хуб мефаҳманд, ки агар ин роҳ, яъне талоши дарёфти силоҳи ҳастаиро идома диҳанд, ин корро дар ҳоли тарсу тардид анҷом хоҳанд дод.
Раиси ЦРУ афзуд, новобаста ба он ки дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон созиш ҳосил мешавад ё на, бояд Вошингтон фишорро болои Теҳронро идома диҳад, то Эрон вазъи баъзе аз кишварҳои минтақаро ноором накунад.
Изҳороти Ҷон Бреннан дар ҳоле пахш шуд, ки Эрон ва “панҷ ба изфоаи як”, яъне панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон ба даври ҳалкунандаи музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон омодагӣ мегиранд. Музокирот рӯзи 26 март дар шаҳри Лозаннаи Швейсария аз сар гирифта мешавад ва қарор аст, ки дар поёни он - 31 март созиш миёни Теҳрон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи маҳдудсозии барномаи ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон ба ивази лағви бархе таҳримҳои байнулмилалӣ имзо шавад.
Чанд рӯз пеш дар Лозанна давраи навбатии гуфтушуниди Теҳрон ва “панҷ ба изофаи як” баргузор шуд ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки ҳанӯз на ҳама ихтилофи назарҳо аз байн бурда шудаанд.