Муҳиддин Кабирӣ: "Натиҷаи ин интихоботро қабул надорем"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ ҳизбаш 1,5 дарсад раъйи сокинонро дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба даст оварда, аз курсӣ дар парлумон маҳрум шуд, гуфт, “мо ин натиҷаро аслан қабул надорем”.