Ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар озмуни "Корманди беҳтарини оперативӣ", ки рӯзи 6 феврал дар Вазорати умури дохилӣ миёни сохторҳои қудратӣ баргузор шуд, пирӯз гардидаанд.
Ҷои аввалро лейтенанти хурд -- Ҳусниддин Алиев ва ҷои дувумро полковники амният -- Рустамбой Йигитов соҳиб шудаанд. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ба барандаи ҷои аввал нишони «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ба ғолиби ҷои дувум низ нишони «Корманди беҳтарини оперативӣ ва 3000 (се ҳазор) сомонӣ дода шудааст.
Ба қавли манбаъ, Манучеҳр Аламов, корманди Оҷонсии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, барандаи ҷои севум дониста шуда, ба гирифтани нишони «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва 2000 (ду ҳазор) сомонӣ мушарраф шудааст. Капитани адлия Шодӣ Сафаров, корманди дигари Оҷонсии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соҳиби ҷои чорум шуда, бар иловаи нишони «Корманди беҳтарини оперативӣ», бо маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ мукофотонида шудааст.