Дар задухӯрди полис бо тазоҳургарон дар назди консулгарии Русия дар Ереван ба камияш 15 нафар захмӣ шудаанд. Полис наздик ба 20 нафарро боздошт намуд. Тазоҳуркунандагон талаб доштанд, сарбози русе, ки ба куштани шаш узви як хонавода дар наздикии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Гюмрии Арманистон айбдор мешавад, ба дасти онҳо дода шавад. Тазоҳурот рӯзи 15-уми январ пас аз маросими дафни аҳли ин оила баргузор шуд ва эътирозгарон аз Русия талаб мекунанд, ки сарбози қаторӣ Валерий Пермяковро ба дасти онҳо диҳанд. Мақомот мегӯянд, Пермяков аллакай кушторро эътироф кардааст. Ҳарбиёнии Русия мегӯянд, гунаҳкор ба сахттарин шакл ҷазо дода хоҳад шуд, вале омода нестанд, Пермяковро ба дасти мақомоти Арманистон супоранд.