Росселхознадзор воридоти гӯшт ва фаровардаҳои гӯштиро аз ду ширкати Қазоқистон мамнуъ эълон кард. Ширкатҳои "Акжайыкплем" ва "Қазинтерсавда” гӯё ба воридоти ғайриқонунии фаровардаҳои худ машғул будаанд.
Росселхознадзор мегӯяд, ки воридоти қочоқии гӯштро аз қаламрави Қазоқистон ба Русия ошкор кардаанд ва вазорати кишоварзӣ аз 21 то 24 октябр шабакаи воридоти қочоқӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Баъд аз ошкор шудани воридоти қочоқӣ Росселхознадзор воридоти гӯшти ин ду ширкатро мамнуъ эълон кардааст.