Дар бораи иҷрои қонун ба порламон гузориш медиҳанд

24 октябр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия баррасиҳои порламонӣ « Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар 9 моҳи соли 2014 баргузор мегардад.

Бароли ширкат дар иҷлосия роҳбарони вазорату кумитаҳои Тоҷикистон даъват шудаанд. Намояндагони ин кумитаву вазоратҳо дар бораи иҷрои ин қонунҳо дар 9 моҳи соли 2014 ба порламон гузориш медиҳанд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.