Стаффан де Мистура, фиристодаи нави СММ оид ба Сурия, хостори вокуниши оҷили байнулмилалӣ ба ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба шаҳри курднишини Айн-ул-Араб ё Кӯбонии Сурия шуд. Ӯ дар изҳороте, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, гуфтааст, ҷаҳон аз таҳти назорати тундравҳо қарор гирифтани шаҳре, ки ин қадар фидокорона аз худ дифоъ мекунад, таассуф хоҳад хӯрд. Изҳороти дипломат баъд аз хабаре нашр шуд, ки ҳавопаймоҳои ИМА ва чанд кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” зарбаҳои нав заданд то монеъи ишғоли Кӯбонӣ аз сӯи онҳо шаванд.
Ба иттилои Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи сешанбе муҳофизони шаҳр ба берун кардани ситезаҷӯён аз чанд мавзеъи канори Кубонӣ муваффақ шуданд.
Дар ҳамин ҳол дар Туркия намоишҳои эътирозии курдҳо бо талаби вокуниши шадиди Анкара ба аъмоли ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” идома доранд. Бар асари бархӯрди эътирозгарон ва кормандони полис рӯзи 7 октябр дасти кам 14 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Рӯзи сешанбе парлумони Канада аз ибтикори нахуствазир Стивен Ҳарпер барои пайвастан ба амалиёти эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” раъй дод. Қарор аст, ки тайи ним сол ҳавопаймоҳои кишвар ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар Ироқ зарба зананд.