Дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ё Гаага рӯзи 29 сентябр давраи ниҳоии изҳори назарҳо аз рӯи парвандаи раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷич шурӯъ шуд.
Додситонҳои додгоҳ Караҷичро “нерӯи таҳрикдиҳанда”-и кушторҳои қавмӣ ҳангоми ҷанги Боснӣ дар солҳои 1992-1995 номиданд ва изҳор карданд, ки ӯ масъули ҳама ҷиноёти дар ин солҳо содиршуда аст.
Айбдоркунанда талаб дорад, ки Радован Караҷич барои ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомӣ, барои даст доштан дар қатли оми беш аз 7 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 ба ҳабси абад маҳкум карда шавад.
Радован Караҷичи 69-сола ва фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич, ки парвандаи ӯ аз сӯи Додгоҳи Ҳейг оид ба Югославияи собиқ алоҳида бозрасӣ мешавад, гуноҳи худро ба гардан нагирифтаанд ва изҳор намуданд, ки ҳадафи онҳо – дифоъ аз мардуми серби муқими Боснӣ буд.
Радован Караҷич соли 2008, баъди 13 соли фирор дар Сербия боздошт ва ба Гаага истирдод шуд.