Ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ як силсила рустоҳои курднишин дар шимоли Сурияро ишғол кардаанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ҷангҷӯён 16 рустои атрофи шаҳри Айн ал-Араб дар марз бо Туркияро ба даст оварданд. Ба гуфтаи ин созмон, тундравони Давлати Исломӣ бо артиллерия ва тонкҳо размандагони курдро, ки шаҳри Айн ал-Арабро муҳофизат доранд, муҳосира кардаанд. Оҷалон Исо, муовини фармондеҳи нерӯҳои курд дар Айн ал-Араб, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки онҳо аз нерӯҳои дигари курд, аз ҷумла нерӯҳои Ҳизби Коргарии Курдистон кӯмак хостаанд, то монеъи пешравии ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ шаванд. Фаъолони сиёсӣ дар шаҳри Ал-Боби Сурия дар ғарби Айн-ал-Араб ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфтаанд, ки чархболҳои ҳукуматӣ рӯзи 18-уми сентябр бо ҳамла ба ин шаҳри зери тасарруфи тундравон дасти кам 12 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд.