Абдулло Қодирӣ дар бораи манъи сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия бо шиносномаи дохилӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбати Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи манъи сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия бо шиносномаи дохилӣ. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар пайи имзои санаде аз тарафи ҳукумати Русия, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия рафтан манъ мекунад, аз ҳамаи шаҳрвандон дархост мекунад, ки сар аз соли оянда танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар кунанд, то ба мушкиле гирифтор нашаванд.