Чанд дурӯғи пропагандаи Русия – 2

Лаҳзае аз филми русӣ-белорусии "Брестская крепость" (соли 2010 ) ҳамчун исботи манфури нерӯҳои низомии украинӣ дар Донбассе истифода шудааст. 

Шабакаи телевизионии "Мир 24" дар саҳифаи худ дар Facebook акси гурезагони соли 1999-и Косоворо ҳамчун гурезагони Украина дар соли 2014 шарҳ додааст.  Ҳоло ин акс аз саҳифа тоза карда шудааст.  Қаблан ин аксро сомонаи маҷаллаи  "Внешнеэкономические связи России" ҳам истифода карда буд.

Ҳунарпешаи рус Иван Охлобистин дар шаҳри Сан-Франсиско бо ҳамҷинсгароён барои истиқболи интихоботи шаҳрдори Киев сайругашт ташкил кардааст.

Акси соли 1992 аз Босния: низомёни сербиягии "Тигр" дар назди ҷасадҳои босниягиҳо дар хиёбон. Аммо дар зери ин акс шарҳ дода шудааст: "Донбасро аз низомиёни украинӣ раҳо кунед". 

Фотошоп дар бораи дастгирии Ҷумҳурии мардумии Донеск ба космос рафтан.

Зане ба Владимир Путин дар бораи кушта шудани писараш дар ҳамлаҳои русгароёнаи Славянск муроҷиат мекунад, аммо акси ин занро чунин шарҳ додаанд, ки гӯё аз "бедодгариҳои Киев" шикоят мекунад. Видеои асл инҷост: оригинал видео.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе паҳн шуд, ки аз тазоҳурот барои пайвастани Тернопол ба Полша маънинод мешуд. Аммо дар ҳақиқат ин акс аз ҷараёни тазоҳуроти моҳи сентябри соли 2012-и Варшава аст.

Ҷасадҳои ҷанги мухаддиротӣ дар Мексика ҳамчун ҷасадҳои низомиёни украинӣ маънидод шудааст.

Шаҳри Белград баъд аз ҳамлаи мусаллаҳона дар соли 1999 ҳамчун "осори тирпаронии аскарони Украина" дар Славянск нишон дода шудааст.

Аксе аз Чеченистон ҳамчун акси Украина шарҳ дода шудааст.