Пуштибонии коммунистҳои Маскав аз Исмоил Талбаков

Котиботи кумитаи масквагии ҳизби коммунисти Русия бо пахши як изҳорот аз шаҳрвандони тоҷик, ки сину солашон ба раъй додан расидааст, даъват кард, ки ба тарафдории номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков овоз диҳанд. Ин изҳороти созмони масквагии ҳизби коммунисти Русия рӯзи 30-юми октябр дар сомонаи «Коммунистҳои пойтахт» ба нашр расидааст. Дар изҳороти мазкур омадааст, ки дар бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ва дар дигар шаҳру вилояти Русия ҷамъан 24 минтақаи раъйдиҳӣ боз карда шудааст ва рӯзи 6-уми ноябр аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба тарафдории номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков овоз диҳанд.

Созмони масквагии ҲКР дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки ин интихобот «ҳамчун муборизаи синфии меҳнат алайҳи сармоя» буда, ба хотири рушди иҷтимоии кишварҳои собиқ «Иттифоқи Советии Сосиалистӣ» пуштибонии худро аз намояндаи Ҳизби комунист ҷаноби Талбаков нишон диҳанд. Дар ин изҳорот доир ба барномаи пешаз интихоботии Исмоил Талбаков ишора шудааст, ки вай ваколатҳои зиёди давлатиро, ки танҳо ба президент тааллуқ доранд, бо парлумони кишвар тақсим хоҳад кард. Дар сурати пирӯзии вай дар интихобот, сохтмони манзилҳои зисти арзон бо имтиёзи қарзҳои дарозмуддат аз ҳисоби давлат шурӯъ хоҳад шуд.

Ҳамчунин номзади коммунистҳо ҷашну таҷлилҳои оммавиро, ки бо харҷу сарфи маблағҳои бузург меанҷомад, барои 5 сол мамнуъ хоҳад кард. Ҷаноби Лакеев, раиси Кумитаи иҷроияи Созмони москагии ҲКР таъкид карда, ки номзади коммунистҳои Тоҷикистон шоиста буда ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории вай раъй диҳанд.