Узви гурӯҳи Pussy Riot-ро ба маҳбаси дигар интиқол медиҳанд

Надежда Толоконникова

Надежда Толоконникова-узви зиндонии гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot-и Русия ба муассисаи ислоҳоти меҳнатӣ интиқол дода мешавад. Муассисаи ислоҳоти меҳнатӣ дар ҳоле ин хабарро пахш кард, ки чанд соат пеш Надежда ба нишонаи эътироз дубора ба гуруснанишинӣ оғоз кард. Надежда мехоҳад, ки вайро ба ҷои дигар интиқол диҳанд.

Толоконникова рӯзи панҷшанбе аз бемористон рухсат шуд. Вайро баъд аз гуруснанишинии як ҳафтаина муолиҷа мекарданд. Вай аввали моҳи ҷорӣ гуруснанишинӣ карда буд.

Мария Алёхина-узви дигари зиндонии Pussy Riot дар Нижний Новгород дархости худро дар бораи ҳукми сабуктар пас гирифт ва гуфт, вай ҳуқуқи маънавӣ надорад, чунин тасмим бигирад, зеро Толоконникова дар бемористон аст ва вай ҳам наметавонад ҳамин тасмимро бигирад. Ин ду нафар ду сол маҳкум ба зиндон шуда буданд. Онҳоро барои як ҳунарнамоии танзомез дар калисо бо моддаи авбошӣ маҳкум кардаанд.