Заминларза 10 нафари дигарро дар Покистон кушт

Заминларзаи қавии дигар рӯзи шанбе, вилояти Балуҷистони Покистонро дигарбора такон дод ва бино ба гузоришҳо 10 нафарро кушт. Пажӯҳишгоҳи Зилзиласанҷии Амрико рӯзи шанбе гуфт, маркази заминларзаи 6.8 дараҷаӣ дар ноҳияи Оварони вилоят будааст, ки чанде пеш зилзилаи тақрибан 8 дараҷаӣ онро вайрон карда ва дар маҷмӯъ дар Вилояти Балуҷистон бештар аз 500 нафарро кушт. То ин лаҳза, гузорише дар бораи талафот ва ё харобӣ дар ин минтақа нарасидааст. Мақомоти Покистон то кунун барои кӯмак расондан ба мардуми мӯҳтоҷ дар рустоҳои дурдасти Балуҷистон дасту по мезананд ва кори онҳоро ҳамлаҳои шӯришиён сахт кардааст. Оварон дар як минтақае воқеъ шудааст, ки ҷудоихоҳони балуҷ аксаран дар онҷойҳо алайҳи ҳукумати Покистон меҷанганд.