Неругоҳи "Сарбанд"-ро таҷдид мекунанд

Аз вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ки 5-уми сентябр миёни ин вазорат ва вазорати молияи Тоҷикистон, ширкати «Барқи Тоҷик» ва Бонки Осиёи Рушд (БРО), як ёддошти тафоҳум барои таҷдиди неругоҳи обию барқии «Сарбанд» воқеъ дар 80 километрии ҷануби пойтахт ба имзо расидааст.

Ин тарҳ ба 116 миллион доллар баробар буда, дар назар аст Бонки осиёии рушд дар моҳи ноябр ин маблағро тахсис диҳад.

Ба иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иқтидори умумии неругоҳи «Сарбанд» ба 240 МВт баробар буда, дуюмин неругоҳи калонтарин баъд аз «Қайроқум» ба ҳисоб меравад. Сохтмони он соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 ба фаъолият шурӯъ кардааст.

«Лоиҳаи мазкур аз ҷониби вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» ва Бонки рушди Осиё таҳия гардида, ин аввалин таҷдиди неругоҳи бузург дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи муосир мебошад»- зикр кардааст Гул Шералӣ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки пас аз барқарорсозии иқтидори неругоҳи Сарбанд ба 252 МВт расида метавонад дар як сол 1,13 млн кВт/соат нерӯи барқ тавлид намояд.

Бовуҷуди он ки дар Тоҷикистон чунин неругоҳҳо зиёданд, вале ҳамасола мушкилии норасоии барқ дар мавсими сармо мардуми ин кишварро домангир аст.