Ҳуснӣ Муборак маҳбасро тарк намуд

Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, рӯзи панҷшанбе, 22 август, маҳбасро тарк намуд. Бар пояи хабарҳо, ӯ тавассути чархбол аз маҳбаси “Тора” дар Қоҳира ба бемористони низомӣ дар мавзеъи Маҳдӣ, воқеъ дар канори пойтахти Миср, интиқол ёфт. Қарор аст, ки раҳбари пешини Миср таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирад.

Рӯзи чаҳоршанбе додгоҳи Қоҳира охирин иттиҳоми даст доштани Муборак дар фасодро лағв кард. Айни ҳол Ҳуснӣ Мубораки 85-сола дар парвандаи куштори эътирозгарон дар намоишҳои зиддиҳукуматии моҳи феврали соли 2011, ки бар асари онҳо аз мақом канор рафт, гумонбар маҳсуб мешавад.

Ҳуснӣ Муборак аз соли 1981 то соли 2011 раҳбарии Мисрро бар ӯҳда дошт.