Толибон садҳо ҳамтои худро аз зиндони Покистон озод карданд
Нерӯҳои артиш ва пулиси Покистон дар даромадгоҳ зиндони Дера Исмоилхон.
Мақомҳои Покистон мегӯянд, рӯзи сешанбе Толибон ба зиндоне дар шимол-ғарби он кишвар ҳамла карда ва имкони гурехтани беш аз 230 зиндониро фароҳам кардаанд.
Мақомҳои покистонӣ мегӯянд, дар ин ҳамла 12 нафар кушта шудааст, ки чаҳор тан аз маъмурони пулис низ аз он ҷумлаанд. Як мақоми баландпояи давлати Покистон ба шабакаи телевизиони ARY NEWS-и покистонӣ гуфтааст, ки шаш тан аз зиндониёни фирорӣ дастгир шудаанд.
Ин мақоми покистонӣ шумораи аъзои гуруҳи Толибонро, ки аз ин зиндон гурехтаанд, 30 нафар эълом кардааст. Ҳоло маълум нест оё дигар зиндониёне, ки фирор кардаанд низ аз аъзои гуруҳи Толибон ё гуруҳҳои мусаллаҳ буданд ё зиндониёни оддӣ.
Бино ба гузориши расонаҳои Покистон, зиндони «Дера Исмоилхон», ки ба он ҳамла шуд, наздик ба панҷ ҳазор зиндониро дар бар мегирад. Зиндони марказии Дера Исмоилхон дар шаҳре бо ҳамин ном дар вилояти марзии Хайбар-Пахтунхоҳ, дар наздикии марзи он кишвар бо Афғонистон қарор дорад. Минтақае, ки Ҷунбиши Толибони Покистон дар он бисёр фаъол аст.