Дар Кремл шаке надоранд, ки корманди собиқи қарордоди Оҷонси амнияти миллии ИМА Эдвард Сноуден дар сурати дарёфти паноҳандагии Русия фаъолияти зиддиамрикоии худро қатъ хоҳад кард. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳорот нашр кард. Песков ҳамчунин гуфт, ки Русия Сноуденро ба Амрико доданӣ нест.
Эдвард Сноуден дар Амрико дар фошсозии маъмулоти маҳрамона айбдор мешавад.
Додситони кулли ИМА Эрик Ҳолдер рӯзи ҷумъа ба мақомоти Русия хаттӣ ваъда супурд, ки дар сурати истирдод ба Амрико Сноуден эъдом нахоҳад шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ҳолдер дар як нома унвонии Додситонии кулли Русия ҳамчунин кафолат додааст, ки Сноуден шиканҷа намешавад ва ҳама ҳуқуқҳояш риоя хоҳанд шуд.
Эдвард Сноуден то ҳол дар минтақаи тронзитии фурудгоҳи Шереметиево Маскав интизори посухи расмии Маскав ба дархости паноҳандагияш боқӣ мемонад.