Моҷарои ду ҷавон барои як духтар ва эътирози зидди чеченҳо дар Пугачёв
Баъд аз қатли Руслан Маржанов - як сарбози 21-солаи нирӯҳои десантии Русия дар шаҳри Пугачёви вилояти Саратов эътирозҳои мардуми маҳаллӣ тақрибан 4 рӯз давом кард.
Гумон меравад, ки Маржановро шоми 5 июл Алӣ Назаров – як навраси 16-солаи чечен куштааст. Рӯзи 7 июл баъд аз дафни Маржанов хешовандон ва дӯстони вай, тақрибан 100 нафар ба сӯи шаҳри Пугачёв раҳсипор шуданд, то аз хешовандони Алӣ Назаров интиқом бигиранд. Вале пулис аз ин пешгирӣ кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Танишҳои қавмӣ дар Саратови Русия
Баъд аз он ду рӯзи дигар ҳамоишҳои эътирозӣ давом кард ва нирӯҳои миллатгаро ба эътирозҳо пайваста, ихроҷи чеченҳо ва боқӣ мардумони ғайр аз ин минтақаро тақозо карданд. Раҳбарони вилояти Саратов бо эътирозгарон мулоқот ва аз онҳо даъват карданд, ки ба тазоҳуроти худ хотима диҳанд ва ин ҳодиса дар чаҳорчӯбаи қонун бояд ҳал шавад.
Эътирози зидди чеченҳо дар Пугачёв
Дар ҳар сурат, ҷамъияти чеченҳо як қисми ҷавонони хунгарми чеченро аз Пугачёв бароварда, дар шаҳр фурӯши машруботро ҳам сахт маҳдуд кардаанд.
Моҷарои Руслан Маржанов бо навраси 16-солаи чечен барои духтаре сар задааст, ки Маржанов дӯст медошт. Ин ду нафар якдигарро аз тарабхона ба берун ба қавле ба “ҷанги тан ба тан” даъват кардаанд ва ҷавони чечен бо корди ҷарроҳӣ ба Маржанов зарба задааст. Ҳоло бо дахолати пулис ва мақомоти маҳаллӣ эътирозҳо дар Пугачёв хотима ёфтааст.
Дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ Бегиҷон Раҷабов - раҳбари минтақаии “Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия” дар вилояти Саратов гуфт: “Эътирозҳоро дирӯз пароканда карданд. Ҳама аз Пугачёв баромада рафтанд. Мақсадашон ин буд, ки мардуми ғайрирус баромада равад.”
Фаррух Мирзоев - раиси Анҷумани созмонҳои миллӣ-фарҳангии вилояти Свердлов, ки ба гуфтаи худаш, фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони Саратовро низ назорра мекунад ва бо таҳаввулоти ахир дар шаҳри Пугачёв низ ошност, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Анҷумани онҳо аз оғоз то ҳол вазъро зери назар доранд ва ин куштор заминаи миллӣ надорад, балки баъзе нирӯҳои миллатгаро мехоҳанд ба он ҷомаи миллӣ ва сиёсӣ пӯшонанд.